ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ХИТОЙ
Душанбе, 12 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова).- 10-уми август Раиси Палатаи савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид бо менеҷери минтақавӣ ва менеҷери хариду фурӯши мамлакатҳои Аврупоӣ корпоратсияи автобусҳои «Higer Bus»-и шаҳри Сучҷоуи Сзионсуи Ҷумҳурии мардумии Чин Рози Ли ва Георгий Кан мулоқот кард. Ш. Саидов ба меҳмонон дар бораи вазъияти имрӯзаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Чин маълумот дода, аз ҷумла зикр намуд, ки маблағи хариду фурӯши мол байни ҳар ду кишвар соли 2008 зиёда аз 1 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод. Инчунин, сухан дар бораи самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистон рафт, ки бо гузоштани сармоя эҳтиёҷ доранд. Сипас меҳмонон дар бораи ширкати «Higer Bus» маълумот доданд, ки яке аз корхонаҳои калонтарини автобусбарории Чин мебошад. «Higer Bus» дар соли 1998 ба кор даромада, яке аз корхонаҳои калонтарини саноати мошинсозии Чин ба шумор меравад. Вай дар як сол то 14000 автобус истеҳсол мекунад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






