ҲАМОҲАНГСОЗИ МИЛЛИИ ӮЗБЕКИСТОН ДАР ИДМ ТАЪИН ШУД

Август 31, 2009 10:37

             Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Наргис Бояхмедова ). — Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Қосимов ҳамоҳангсозии миллии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ИДМ таъин гардид.             Сохтори ҳамоҳангсозони миллӣ соли 2008 бо қарори Шӯрои сарони давлатҳо таъсис дода шуд. Вазифаи ҳамоҳангсози миллӣ ба зиммаи муовинони сарвазир гузошта мешавад, ки барои назорати ҷараёни иҷрои ҳуҷҷатҳои дар доираи ИДМ қабулшуда дар мамлакатҳояшон ваколат дошта бошанд. Онҳо дар мамлакатҳояшон фаъолияти мақомоти дахлдори давлатиро дар бобати ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи ИДМ назорат мекунанд.             Мухбири АМИТ «Ховар» ёдовар мешавад, ки ҳамоҳангсози миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИДМ муовини сарвазири ҷумҳурӣ Муродалӣ Алимардон мебошад.  

Август 31, 2009 10:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд