ҲОМЕНЕӢ ХОРИҶИЁНРО ГУНАҲКОР НАМЕШУМОРАД

Август 27, 2009 11:20

                     Теҳрон, 27 август. (АМИТ «Ховар» — Лента. ру). — Роҳбари олии Эрон оятулло Алӣ Ҳоменеӣ изҳор намуд, ки роҳбарони гурӯҳҳои мухолифини баъди интихоботи президент бетартибиҳои оммавӣ ташкилнамуда, бо созмонҳои хориҷӣ алоқа надоранд. Ман ташаббускорони бетартибиҳоро ба ҳамкорӣ бо мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла, ИМА ва Британия гунаҳкор намекунам, гуфт вай.                      Тавре хабар дода шуда буд, баъди интихоботи президенти Эрон, 12 июн саросари Эронро бетартибиҳои оммавӣ фаро гирифта буданд. Дар натиҷаи онҳо камаш 150 нафар ба ҳалокат расид.                     Ташкилкунандагони бетартибиҳо ва намоишҳои оммавӣ ҳукуматдорони мамлакатро ба тағйир додани натиҷаҳои интихобот гунаҳкор намуданд. Онҳо даъво доштанд, ки дар интихобот сарвазири собиқи мамлакат Мирҳусайнӣ Мӯсавӣ ғалаба ба даст овардааст.                     Вобаста ба бетартибиҳои оммавӣ дар Теҳрон баъзе кормандони намояндагиҳои дипломатии Британияи Кабир ва Фаронса дастгир карда шуданд. Ҳамаи онҳо баъди тафтиш озод карда шуданд.                                                                                                 Тарҷумон — Қудратов А.

Август 27, 2009 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд