ҲОСИЛИ ФАРОВОНИ ГАНДУМ

Август 17, 2009 16:23

                    Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Мутахассисони Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ ва намояндагони муассисаҳои озуқаю кишоварзии СММ пешгӯӣ мекунанд, ки соли 2009 бояд дар Тоҷикистон ҳосили фаровони гандум ба даст оварда шавад. Тибқи нақша имсол дар мамлакат бояд як миллиону 153 ҳазор тонна гандум ҷамъ оварда шавад. Қайд кардан лозим аст, ки деҳқонони мамлакат имсол дар масоҳати 431, 244 ҳазор гектар гандум парвариш намуданд.                    Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки то имрӯз дар мамлакат 610 ҳазор тонна ғалла ҷамъ оварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 261 ҳазор тонна зиёд аст. Аз ин ҷумла, 567 ҳазору 520 тоннаро танҳо гандум ташкил медиҳад.                    Ба қавли мудири шӯъбаи зироатҳои техникӣ ва ғалладонаи Вазорати кишоварзӣ Муҳаммадӣ Ормонов, имсол бояд дар Тоҷикистон ҳосили рекордии ғалла, аз ҷумла гандум ҷамъ оварда шавад. Ба туфайли ин нархи гандум аз 2 сомонии соли 2008 — ум имсол то 80 дирам арзон шудааст. Вобаста ба ин ояндаи наздик арзон гардидани орд ва навъҳои гуногуни нон низ пешгӯӣ карда мешавад. Маъракаи ҷамъоварии ғалла бояд то 25 август ба охир расад.                    Ҳоло дар ҷамъоварии ғалла бештар аз 300 комбайн, инчунин комбайнҳои хусусӣ истифода бурда мешавад. Дар баъзе маҳалҳо гандуму ҷавро дастӣ дарав мекунанд.                   Мувофиқи дастури сардори давлат, имсол дар мамлакат бояд дар масоҳати 200 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад. Деҳқонон то имрӯз дар масоҳати 153 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузарониданд.                                                                                    Тарҷумон — Қудратов А.

Август 17, 2009 16:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст