ҲУНАРПЕШАИ РУСЗАБОНИ ТОҶИК ВАФОТ КАРД

Август 24, 2009 09:49

                   Маскав, 24 август. (АМИТ «Ховар» — Вести.Ру). — Бегоҳии 20 август дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Маскав ҳунарпешаи маъруфи театр ва кино Семён Фарада баъди бемории тӯлонӣ вафот кард.                    С.Фарада истеъдоди бузург ва ҳунари воло дошта бошад ҳам, дар ягон мактаби ҳунарӣ таҳсил накардааст. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба омӯзишгоҳи ба номи Бауман дохил шуд. Ӯро барои иштироки фаъолонааш дар гурӯҳи ҳаваскорони санъат мехостанд аз омӯзишголҳ хориҷ кунанд, вале С.Фарадаро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Ӯ хизмати ҳарбиро дар флоти баҳрӣ гузаронд. С.Фарада солҳои хизмати ҳарбӣ вазифаи муҳандисиро иҷро кунад ҳам, узви фаъоли дастаи ҳаваскорони санъат буд. Баъди адои хизмати ҳарбӣ С.Фарада ба маҳфили ҳаваскорони санъати Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав омад. Ӯ баъдан дар гурӯҳҳои машҳури ҳунарпешагони маъруф кор кардааст. Дар ин гурӯҳҳо инчунин ҳунарпешагони маъруфи имрӯзаи Русия Хазанов, Розовский, Филиппенко ва дигарон машқ мекарданд.                    Фаъолияти эҷодии С.Фарада дар киностудияи «Тоҷикфилм» оғоз ёфтааст. Ӯ соли 1971 дар ин ҷо дар яке аз филмҳои коргардони тоҷик Валерий Аҳадов таҳти унвони «Ба пеш, гвардиячиён» нақш бозид. Фамилияи асосии ҳунарпеша Фердман буд. Вале ин ном ба роҳбарияти хамонвақтаи киностудия маъқул нашуд. Бинобар ин дар Душанбе фамилияи ҳунарпеша Фарада муқаррар карда шуд.                   Семён Фарада дар бештар аз 60 филми даврони шӯравӣ нақшҳои гуногунро бозӣ кардааст. Филмҳои «Ҷаноби Мюнхайузен», «Гараж», «Чародей», «Дӯсти ман Иван Лапшин», «Формулаи муҳаббат», «Ба пеш, гардемаринҳо» ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд.  Ҳунарпеша инчунин дар асарҳои саҳнавии театрии гуногун нақшҳои асосиро бозӣ кардааст.                  Фаъолияти эҷодии С.Фарада соли 2000 баъди ҷарроҳии вазнини дилаш қатъ гардид.

Август 24, 2009 09:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад