ҲУНАРПЕШАИ РУСЗАБОНИ ТОҶИК ВАФОТ КАРД
Маскав, 24 август. (АМИТ «Ховар» — Вести.Ру). — Бегоҳии 20 август дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Маскав ҳунарпешаи маъруфи театр ва кино Семён Фарада баъди бемории тӯлонӣ вафот кард. С.Фарада истеъдоди бузург ва ҳунари воло дошта бошад ҳам, дар ягон мактаби ҳунарӣ таҳсил накардааст. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба омӯзишгоҳи ба номи Бауман дохил шуд. Ӯро барои иштироки фаъолонааш дар гурӯҳи ҳаваскорони санъат мехостанд аз омӯзишголҳ хориҷ кунанд, вале С.Фарадаро ба хизмати ҳарбӣ даъват намуданд. Ӯ хизмати ҳарбиро дар флоти баҳрӣ гузаронд. С.Фарада солҳои хизмати ҳарбӣ вазифаи муҳандисиро иҷро кунад ҳам, узви фаъоли дастаи ҳаваскорони санъат буд. Баъди адои хизмати ҳарбӣ С.Фарада ба маҳфили ҳаваскорони санъати Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав омад. Ӯ баъдан дар гурӯҳҳои машҳури ҳунарпешагони маъруф кор кардааст. Дар ин гурӯҳҳо инчунин ҳунарпешагони маъруфи имрӯзаи Русия Хазанов, Розовский, Филиппенко ва дигарон машқ мекарданд. Фаъолияти эҷодии С.Фарада дар киностудияи «Тоҷикфилм» оғоз ёфтааст. Ӯ соли 1971 дар ин ҷо дар яке аз филмҳои коргардони тоҷик Валерий Аҳадов таҳти унвони «Ба пеш, гвардиячиён» нақш бозид. Фамилияи асосии ҳунарпеша Фердман буд. Вале ин ном ба роҳбарияти хамонвақтаи киностудия маъқул нашуд. Бинобар ин дар Душанбе фамилияи ҳунарпеша Фарада муқаррар карда шуд. Семён Фарада дар бештар аз 60 филми даврони шӯравӣ нақшҳои гуногунро бозӣ кардааст. Филмҳои «Ҷаноби Мюнхайузен», «Гараж», «Чародей», «Дӯсти ман Иван Лапшин», «Формулаи муҳаббат», «Ба пеш, гардемаринҳо» ва ғайра аз ҳамин ҷумлаанд. Ҳунарпеша инчунин дар асарҳои саҳнавии театрии гуногун нақшҳои асосиро бозӣ кардааст. Фаъолияти эҷодии С.Фарада соли 2000 баъди ҷарроҳии вазнини дилаш қатъ гардид.








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд 17 ихтисоси нав таъсис дода шуд
Дар Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба кори иҷтимоӣ ва хизматрасониҳои иҷтимоӣ доир гардид
«ҲАФТКӮЛ». Ин мавзеи табиии Тоҷикистон маркази рушди сайёҳии экологӣ маҳсуб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
3 август дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат ва Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ нишасти матбуотӣ доир мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Душанбе шумораи электробусҳо қариб ба 200 адад мерасад
Имрӯз дар доманакӯҳҳо ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад






