ҶАЛБИ МАРДУМ БАРОИ ҶУСТУҶӮИ ТИЛЛО

Август 25, 2009 09:50

                  Ховалинг, 25 август. (АМИТ "Ховар", Сулаймон Холов).-Ҳукумати ноҳияи Ховалинг бо тавсияи раёсати ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии минтақаи Кӯлоб панҷсад тан сокинони ин ноҳияро барои ҷустуҷӯи тилло ба мавзеи Шугнов сафарбар намудааст.                   Ҷамоати Шугнов дар масофаи тақрибан 55 километрии ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, ба қавли мақомоти ноҳия зери замин захираи зиёди тилло дорад. Дар ҳамин ҳол Сайдаҳмад Пириев, сардори агентии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, бад ин тартиб аксари муҳоҷирони меҳнатии Ховалинг, ки бар асари бӯҳрони молӣ аз Русия баргашта буданд, бо ҷои кор таъмин шуданд. Вай мегӯяд, сокинони ноҳия тариқи шартнома, аз рӯи миқдори пайдо намудани тилло ва хокаи он музд мегиранд.                   Коркарди тиллои Шугнов дар охирҳои садаи нуздаҳ аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шуда, то кунун идома дорад. Тиллои Шугнов аз беҳтарин навъи тилло дар Тоҷикистон дониста мешавад.                   Ҳукумати ноҳияи Ховалинг тасмим дорад, то теъдоди коргаронро дар ин ҷо аз ҳисоби мардуми бумӣ ба 2 ҳазор нафар расонад.

Август 25, 2009 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд