ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛА ДАВОМ ДОРАД

Август 28, 2009 15:34

                Хуҷанд, 28 август. (АМИТ «Ховар», Санавбар Мақсудова). — Дар вилояти Суғд то 28 август 128 ҳазору 293 тонна ғалла ҷамъ оварда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,8 фоиз зиёд мебошад. Муовини аввали сардори раёсати кишоварзии вилоят Рустам Раҳимов ба мухбири АМИТ «Ховар» гуфт, ки имсол дар қисмати шимолии мамлакат дар масоҳати бештар аз 89 ҳазор гектар ғалла корида шуд. То имрӯз ҳосили 73,4 ҳазор гектар ғаллазор ҷамъ оварда шуд. Ҷамъоварии ғалла дар ноҳияҳои Истаравшан, Ғончӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Айнӣ давом дорад.              Қайд карда шуд, ки ҳосилнокии миёнаи хар гектар ғаллазор 18,8 сентнериро ташкил медиҳад. Баъзе ноҳияҳо зиёда аз 30 сентнер ҳосил гирифтанд. Тибқи нақша имсол бояд дар вилоят 204 ҳазор тонна ғалла ҷамъ оварда шавад, гуфт Р.Раҳимов.

Август 28, 2009 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд