15-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ КУМИТАИ ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА
Душанбе, 15 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Ҳар сол, 17 август дар ҷумҳурӣ рӯзи кормандони ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданиро бо тантана ҷашн мегиранд. Бахшида ба ин рӯз, 15 августи соли равон дар маҷамааи давлатии «Кохи Ҷомӣ» ба муносибати 15-солагии таъсисёбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ чорабинии идона баргузор гардид. Дар он паёми табрикии Сафармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро, котиби шӯрои амният Амирқул Азимов ба ҳозирон расонид, ки дар он чунин қайд шуда буд, «Дар тӯли 15-соли фаъолияти ин сохтор, ки як ҷузъи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон маҳсуб ёфта, мо онро дар шароити душвори солҳои аввали фаъолияти давлати соҳибистиқлоламон мисли Артиши миллӣ дар ҷои холӣ, яъне бе мавҷудияти ягон заминаи мусоиди моддиву техникӣ ташкил карда будем, кормандону хизматчиёни он дар садҳо амалиёти наҷотдиҳӣ, пешгирии ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ, бартараф намудани оқибатҳои онҳо ва дастрас гардонидани кӯмакҳои башардӯстона чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишварамон фаъолона иштирок кардаанд». Инчунин, дар охир консерти идона бо иштироки санъаткорони маъруф баргузор гардид.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






