АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ ПЕШГИРӢ КАРДА ШУД

Август 10, 2009 14:34

                 Урумчи, 10 август. (АМИТ «Ховар» РБК. ру). — Шахсони номаълум 9 август мехостанд ҳавопаймоеро дар шаҳри Урумчии Ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғур фуруд оранд, ки пур аз маводи тарканда буд. Дар ин бора намояндаи политсияи низомии ноҳияи мазкур хабар дод. Мақомоти амниятии ноҳия қарор доданд, ки ба фуруди ҳавопаймо дар шаҳри Урумчӣ роҳ дода нашавад.                  Аз рӯи баъзе хабарҳои расида, ҳавопаймои мазкур дар шаҳри Кандаҳори Афғонистон фуруд омад. Ба қавли коршиносон, ин воқеа ба таҳдиди террористони исломӣ ба унвони мақомоти Чин вобаста мебошад. Чанде пеш созмони террористии «Ҳизби исломии Туркистон» таҳдид карда буд, ки қасоси уйғурҳои мусулмони дар Урумчи ҳалокгардидаро меситонад.                 Қумондони дастаи силоҳбадастони ҳизби мазкур «қумондон Сайфулло» мебошад. Вай таҳдид карда буд, ки «саворони Оллоҳ ба қарибӣ қотилони мусулмонони чиниро ба азобу шиканҷа гирифтор хоҳанд кард».                 Хабар дода мешавад, ки вазъияти ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур мисли пештара ноором ва муташанниҷ мебошад. Кормандони политсияи Чин чанд рӯз пеш дар Урумчи ду марди уйғурро парронданд, ки бо корду калтак ба як нафари дигар ҳамла оварда буданд. Қобили зикр аст, ки марди осебдида низ уйғур буд. Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 10, 2009 14:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд