АМАЛИЁТИ ТЕРРОРИСТӢ ПЕШГИРӢ КАРДА ШУД
Урумчи, 10 август. (АМИТ «Ховар» РБК. ру). — Шахсони номаълум 9 август мехостанд ҳавопаймоеро дар шаҳри Урумчии Ноҳияи мухтори Шинҷону Уйғур фуруд оранд, ки пур аз маводи тарканда буд. Дар ин бора намояндаи политсияи низомии ноҳияи мазкур хабар дод. Мақомоти амниятии ноҳия қарор доданд, ки ба фуруди ҳавопаймо дар шаҳри Урумчӣ роҳ дода нашавад. Аз рӯи баъзе хабарҳои расида, ҳавопаймои мазкур дар шаҳри Кандаҳори Афғонистон фуруд омад. Ба қавли коршиносон, ин воқеа ба таҳдиди террористони исломӣ ба унвони мақомоти Чин вобаста мебошад. Чанде пеш созмони террористии «Ҳизби исломии Туркистон» таҳдид карда буд, ки қасоси уйғурҳои мусулмони дар Урумчи ҳалокгардидаро меситонад. Қумондони дастаи силоҳбадастони ҳизби мазкур «қумондон Сайфулло» мебошад. Вай таҳдид карда буд, ки «саворони Оллоҳ ба қарибӣ қотилони мусулмонони чиниро ба азобу шиканҷа гирифтор хоҳанд кард». Хабар дода мешавад, ки вазъияти ноҳияи Мухтори Шинҷону Уйғур мисли пештара ноором ва муташанниҷ мебошад. Кормандони политсияи Чин чанд рӯз пеш дар Урумчи ду марди уйғурро парронданд, ки бо корду калтак ба як нафари дигар ҳамла оварда буданд. Қобили зикр аст, ки марди осебдида низ уйғур буд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






