АСПҲОИ ЗОТИИ БАДАХШОН КУҶО ШУДАНД?

Август 21, 2009 14:36

                Бадахшон, 21 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Асппарварӣ дар Бадахшон асрҳо боз давом дорад. Дар давраи Шӯравӣ ягон тӯю ид бе пойгаву бузкашӣ намегузашт, аммо чаро, ки солҳои охир рушди ин соҳа коҳиш ёфт.               Тибқи маълумоти Раёсати кишоварзӣ, сар то сари вилоят дар ҳамаи сохторҳои хоҷагидорӣ дар маҷмӯъ 369 сар асп боқӣ мондаасту халос. Қисмати зиёди аспҳо дар мавзеи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз парвариш карда мешаванд. То оғози солҳои 90-уми асри гузашта агарчӣ дар Помири шарқӣ хоҷагии асппарварӣ вуҷуд надошт, аммо ҳамаи хоҷагиҳои давлатӣ ва коллективӣ дорои аспҳои корӣ буда, теъдоди онҳо аз 400 сар зиёд буд.               Ҳоло мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб ба афзудани саршумори асп эътибори ҷиддӣ медиҳад. Аз диди ҳукуматдорон зиёд намудани саршумори асп, дар ояндаи наздик доираи сайёҳии экологиро васеътар менамояд. Таҷриба нишон медиҳад, ки дар ноҳияи Мурғоб сайёҳони зиёди ватанӣ ва хориҷӣ шавқи аспсаворӣ ва сайр кардани даштҳои баландкӯҳи Помири шарқиро доранд.  

Август 21, 2009 14:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд