АВВАЛИН БОР ДАР ҶУМҲУРӢ КАРТОШКА ДУРАГА КАРДА ШУД

Август 21, 2009 09:06

               Душанбе, 21 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бори аввал дар таърихи беш аз 100 — солаи картошкапарварии Тоҷикистон бо роҳбарии номзади илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев, як гурӯҳ олимони ҷавон дар қитъаи замини таҷрибавии ташкилоти ҷамъиятии «Тухмипарвар» ва Пажӯҳишгоҳи физиологияи растаниҳо ва генетикаи АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар минтақаи Лахши ноҳияи Ҷиргатол дар баландии 2700 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, дурагакунии навъҳои гуногуни картошкаро анҷом доданд.               Ба олимон муяссар шуд, ки зиёда аз 2 ҳазор адад гулҳоро бо роҳи интихоби растаниҳои падарию модарӣ сунъӣ гардолуд (бордор) намоянд. Олимон боварӣ доранд, ки соли оянда ин тухмакҳои дурагавии (гибрид) — и картошкаро, ки дар шароити кӯҳистон ба даст оиадааст, боз аз нав зери озмоиш қарор диҳанд.               Бино ба гуфти олим Қурбоналӣ Партоев, тавассути чунин таҷриба дар Ҳиндустон аз як гектар 4 тонна тухмӣ ба даст оварда мешавад.               Боиси зикр аст, ки нархи 1 кг тухмакҳои ботаники картошка дар бозор аз 800 то 1000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.                Дар 1 га замин ба ҷои 3 тонна лундаҳои тухмӣ ҳамагӣ 100 — 150 грамм тухмаки биологии картошка истифода мешавад, ки он то 40 тонна ҳосил дода метавонад.

Август 21, 2009 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст