АЪЗОИ «ҶАМОАТИ ТАБЛИҒ» МАҲКУМ КАРДА ШУДАНД

Август 11, 2009 10:21

                  Душанбе, 11 август. (АМИТ «Ховар», Таҳмина Ғоибназарова ). — 10 август таҳти раёсати судяи Суди олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Расулов мурофиаи судӣ баргузор гардид. Дар он панҷ узви созмони муддаиёни «Ҷамоати таблиғ» ба мӯҳлатҳои гуногун аз озодӣ маҳрум карда шуданд.                   Аз ҷумла, Насриддин Муродови 25 — сола ва Маҳмуд Муҳаммадхоҷаеви 41 — сола барои ташвиқоту тарғиботи оммавии бо роҳи зӯрӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати шаш солӣ аз озодӣ маҳрум гардиданд. Се нафари дигар — Саидакрам Ҳақдодови 35 — сола, Ҳидоятулло Олимови 37 — сола ва Зиёулҳақ Ҳақдодови 21 — сола ба мӯҳлати се солӣ ҳабс карда шуданд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки шахсони зикршуда 6 апрели соли равон дастгир шуда буданд. Дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда шуд, ки ҳамаи онҳо дар ноҳияҳои Ваҳдат, Қумсангир, Рӯдакӣ ва Файзобод ба ташвиқоту тарғиботи ғайриқонунӣ машғул гаштанд. Шахсони номбаршуда, қабл аз ин дар мактабҳои махсуси динии Эрону Покистон таҳсил кардаанд.                  Ёдовар мешавем, ки фаъолияти «Ҷамоати таблиғ» дар Тоҷикистон аз соли 2006 манъ карда шудааст.

Август 11, 2009 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд