АЪЗОИ ГУРӮҲИ МУТАШАККИЛИ ҶИНОЯТКОР ДАСТГИР ШУДАНД
Хуҷанд, 17 август. (АМИТ «Ховар», Наталя Михайлова ). — Кормандони раёсати минтақавии назорати маводи нашъадори вилояти Суғд зимни гузаронидани амалиёти махсус дар гузаргоҳи роҳи оҳани «Аэропорт» — и шаҳри Чкаловск мошини сабукрави шаҳрванди 52 — сола К.А. — ро дастгир намуданд, ки шаҳрванди дигар А.К. низ дар он буд. Бояд гуфт, ки номи шахсони мазкур бо назардошти махфӣ нигоҳ доштани ҷараёни тафтиш зикр карда намешавад. Дар натиҷаи аз назар гузаронидани мошин 10 покети селофанӣ моддаи нашъадори банг ёфт шуд, ки вазни умумии он 9 килограмм мебошад. Дар ҷараёни тафтиш муқаррар карда шуд, ки соҳиби мошин узви гурӯҳи муташаккили ҷинояткор буда, моддаи нашъадорро бо кӯмаки шариконаш аз Афғонистон ба мамлакатҳои дигар интиқол медиҳад. Ду нафар шарики соҳиби мошин ҳамон рӯз дастгир шуд. Мақомоти дахлдор тафтиши дафтари аъмоли ҷинояткоронро давом медиҳанд. Тарҷумон — Қудратов А.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






