БӮҲРОНИ МОЛИЯВӢ БА ҲАМКОРИҲО ТАЪСИР НАКАРД

Август 24, 2009 10:35

                    Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Ҳамкориҳои иқтисодию молиявӣ ва тиҷоратии Тоҷикистон бо яке аз давлатҳои абарқудрат — Чин дар давраи бӯҳрони молиявӣ рушд кард. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки дар соли 2008 табодули тиҷоратӣ байни ин ду кишвар ба 1 миллиарду 250 млн. доллар расида бошад, дар соли 2009 ин равобит боз қавитар гардида, додугирифти тиҷоратӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008 84 фоиз афзуд.                   — Бӯҳрони кунунии молиявӣ — иқтисодӣ ба сатҳи ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин  таъсири манфие нарасонд,- иброз дошт сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло.                    Давлати Чин ҳамчунин дар соли 2009 маблағгузории худро дар лоиҳаҳои гуногуне, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шудаанд, зиёд мекунад. Ин аст, ки бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба муносибатҳои иқтисодии Тоҷикистону Чин бетаъсир боқӣ мемонад.  

Август 24, 2009 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд