«БАҲОРИ АҶАМ» МЕХОҲАД САБАБҲОИ ХУДКУШИРО МУАЙЯН СОЗАД

Август 4, 2009 11:46

                Душанбе, 4 июл. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Бо ташаббуси нашрияи «Баҳори аҷам»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон 11-уми августи соли равон дар Китобхонаи миллии ба номи А. Фирдавсӣ мизи мудаввар дар мавзўи «Худкушӣ» ё «Зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва роҳҳои пешгирӣ намудани он»баргузор мегардад.                 Барои иштирок намудан дар кори мизи гирд намояндагони Прокуратураи генералӣ, Вазорати тандурустӣ, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Иттифоқи нависандагон, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Донишгоҳи исломӣ ва оилаҳои намунавӣ даъват шудаанд.                Дар маркази матбуоти Вазорати фарҳанг ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки вақтҳои охир шумораи нафарони даст ба худкушизада зиёд шуда истодааст ва мақсад аз баргузории мизи мудаввар дақиқ кардани сабабҳои худкушӣ ва роҳҳои пешгирӣ кардани он мебошад.

Август 4, 2009 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд