БАРҚИЯИ ТАБРИКИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН
Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Хонум Пратибха Патил ба муносибати ҷашни миллӣ — солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Ҳиндустон барқияи табрики ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст: Хонуми Олиҷоҳ, Табрику таҳнияти самимии мардум ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо фарорасии ҷашни миллӣ — солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Ҳиндустон қабул фармоед.Мо шоҳиди дастовардҳои муҳими кишвари Шумо дар арсаҳои гуногуни зиндагии ҷомеа ва ширкати фаъоли он дар ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ мебошем. Боиси қаноатмандист, ки дар солҳои ахир муносиботи дӯстонаи мо бар асари саъю эҳтимом ва кӯшишҳои ҳар ду ҷониб сатҳи баланд ва сифатан навро касб намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки густариш ва тавсеаи ҳамкории васеъ ва бунёдии ду кишвари дӯст ба нафъи мардумони мо ва амнияту суботи минтақа аст. Умедворам, ки сафари қариб-ул-вуқуъи Шумо ба Тоҷикистон ба ин раванд такони ҷиддӣ хоҳад дод. Бо ибрози таманниёти беҳтарин ба Шумо, Хонуми Олиҷоҳ, сиҳатии комил ва комёбиҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Ҳиндустон хушрӯзӣ ва саодат орзумандам. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






