БАРАНДАГОНИ ГРАНТҲОИ КУМИТАИ ҶАВОНОН

Август 26, 2009 11:16

                   Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри иҷрои қарори ҲҶТ «Оид ба грантҳои ҲҶТ барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи тарбияи ватанпарастии ҷавонон» ҳамасола озмун доир менамояд.                    Бахшида ба ин 25 августи соли ҷорӣ дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҲҶТ, бо иштироки раиси Кумитаи мазкур Маликшо Неъматов ба панҷ ғолибони озмун грант дар ҳаҷми 10000 сомонӣ супорида шуд.                    Тавре Маликшо Неъматов дар баромади худ қайд намуд, озмун тариқи воситаҳои ахбори умум, хуб ба роҳ монда шуда, шартҳои он ба таври возеҳу равшан инъикос шуда буданд. То мӯҳлати муқарраргардида аз ҷониби 18 иттиҳодияи ҷамъиятӣ лоиҳаҳо пешниҳод гардиданд, ки онҳо тамоми минтақаҳои мамлакатро дар бар мегиранд. Аз онҳо 5 иттиҳодияҳои ҷамъиятии «Занони деҳот» аз ноҳияи Тавилдара, «Маркази тадқиқоти журналистӣ» аз шаҳри Душанбе, «Шото» аз шаҳри Исфараи вилояти Суғд, «Зуҳал» аз ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва «Шоҳин» аз ноҳияи Файзобод бо бартарияти баҳои ба даст оварда, мазмуну мӯҳтавои лоиҳаҳо, минтақаҳои фарогир ва риояи дурусти шартҳо ғолиби озмун эълон карда шуданд.  

Август 26, 2009 11:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд