БАРОИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МУСОФИРОН

Август 4, 2009 16:16

                  Душанбе, 4 август. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих). — Дар ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии «Фурудгоҳи байналхалқии Душанбе» мувофиқи нақшаи сохтмон ва бо мақсади тақвияти назорати бехатарии парвозҳо сохтмони гузаргоҳ барои тафтиши кормандони фурудгоҳ, сарнишинони ҳавопаймоҳо ва хизматчиёни вазорату идораҳо оғоз ёфт.                   Бо ин мақсад дар ҳамаи даромадгоҳҳои майдони ҳавоӣ бо назардошти меъёрҳои байналхалқии таъмини амният воситаҳои назораткунанда, мушоҳида аз масофаи дур, дастгоҳҳои сабти садо, навори видео, алоқаи радиою телефонӣ ва дастгоҳҳои ошкоркунандаи фулузот насб карда мешаванд. Инчунин дар даромадгоҳи асосии майдони ҳавоӣ барои нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар мавриди зарурат таҷҳизоти махсус насб карда мешавад.  

Август 4, 2009 16:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд