БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРИИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ
Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид дирӯз бо раиси Маркази умумии тиҷоратии Эрон ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб Аҳмад Мударрисзода мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Эрон муҳокима карда шуд. Шариф Саид зимни сӯҳбат дар бораи аҳамият ва натиҷаҳои мусбати намоишгоҳҳои Эрон сухан ронд, ки солҳои гузашта дар Тоҷикистон баргузор гардида буданд. Вай дар бораи соҳаҳои асосӣ ва муҳимтарини иқтисодиёти мамлакат маълумот дод, ки ба сармоягузории хориҷӣ эҳтиёҷ доранд. Аҳмад Мударрисзода ба ҷараёни рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду мамлакат баҳои мусбат дода, соҳаҳои мушаххасеро зикр намуд, ки ҳар ду кишвар дар онҳо бомуваффақият ҳамкорӣ карда метавонанд. Ба қавли меҳмон, соҳибкорону тоҷирони эронӣ манфиатдоранд, ки дар қаламрави Тоҷикистон қитъаҳои заминро иҷора гирифта, барои истеҳсоли маҳсулот истифода баранд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






