БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ ҲАМКОРИИ ТИҶОРАТИЮ ИҚТИСОДӢ

Август 5, 2009 10:45

                         Душанбе, 5 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова ). — Раиси Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ Шариф Саид дирӯз бо раиси Маркази умумии тиҷоратии Эрон ва Аморатҳои Муттаҳидаи Араб Аҳмад Мударрисзода мулоқот кард. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистону Эрон муҳокима карда шуд.                         Шариф Саид зимни сӯҳбат дар бораи аҳамият ва натиҷаҳои мусбати намоишгоҳҳои Эрон сухан ронд, ки солҳои гузашта дар Тоҷикистон баргузор гардида буданд. Вай дар бораи соҳаҳои асосӣ ва муҳимтарини иқтисодиёти мамлакат маълумот дод, ки ба сармоягузории хориҷӣ эҳтиёҷ доранд.                          Аҳмад Мударрисзода ба ҷараёни рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду мамлакат баҳои мусбат дода, соҳаҳои мушаххасеро зикр намуд, ки ҳар ду кишвар дар онҳо бомуваффақият ҳамкорӣ карда метавонанд. Ба қавли меҳмон, соҳибкорону тоҷирони эронӣ манфиатдоранд, ки дар қаламрави Тоҷикистон қитъаҳои заминро иҷора гирифта, барои истеҳсоли маҳсулот истифода баранд.

Август 5, 2009 10:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид