БАЪЗЕ АЗ КӮЧАҲОИ ДУШАНБЕ ТО 1-СЕНТЯБР БАСТА МЕШАВАНД
Душанбе, 4 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Муддати як моҳ- то 1 -уми сентябр роҳи кӯчаи Шотемур аз чорсӯи хиёбони Рӯдакӣ, инчунин, чорсӯи кӯчаҳои Ф.Ниёзӣ, Шероз ва Теҳрон баста мешавад. Тибқи иттилои котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов бо назардошти таъмиру таҷдиди қубурҳои селпарто ва беҳдошти вазъи ободонӣ дар пойтахт ҳаракат ва рафтуои нақлиёт дар ин кӯчаҳо қатъ карда шуда, тавассути дигар самтҳо ба роҳ монда шудаанд. Аз ин рӯ, ҳаракати троллейбуси №1 аз боғи Айнӣ то Универмаги марказӣ ба роҳ монда шудааст. Ш. Саидов афзуд, ки дар кӯчаи Шотемур қубури селпартои дарозиаш 60 метра, ки ҳанӯз дар соли 1974 насб гардида буд ба қубури қутраш 2,5 х 2 метр иваз карда мешавад.Бояд тазаккур дод, ки дар мавсими баҳори имсола дар натиҷаи боридани боронҳои пайдарпаи сел қубури мазкур тоб наовард ва дар натиҷа як қатор кӯчаю хиёбонҳои марказии пойтахт зери сел ва лойқа монда, ба иқтисодиёти шаҳр ҳисорот ворид гардида буд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






