БЕМОРИҲОИ ХАВФНОК ТОРАФТ БЕШТАР ПАҲН МЕГАРДАНД
Маскав, 7 август. (АМИТ»Ховар» — ЛТВ.ру). — Тибқи хабарҳои аз Маскаврасида дар давоми рӯзҳои охир дар қаламрави Федератсияи Русия 55 шахси бемор ба қайд гирифта шуд. ки ба бемории А/H1N1 гирифтор шудаанд. Аз ҷумла, дар Маскав 34 бемор ба қайд гирифта шуд. Ба қавли сардори шӯъбаи раёсати назорати санитарию эпидемиологии Маскав ҳамаи беморон бачагони аз 3 то 17 сола буда, баъди истироҳати тобистона аз мамлакатҳои хориҷӣ ба Русия баргаштанд. Хабар дода шуд, ки шумораи чунин беморон айни ҳол дар мамлакатҳои Амрико, Испания, Ҷопон, Доминикан, Британияи Кабир, Кипр, Таиланд ва Чин хеле зиёд аст. Ба падару модарон тавсия дода шуд, ки фарзандонашонро ба ин мамлакатҳо нафиристанд. Инчунин рӯзҳои охир дар вилояти Тсинхойи Ҷумҳурии Мардумии Чин бемории хавфноки тоун паҳн мешавад. Шабонарӯзи гузашта аз ин беморӣ се сокини маҳаллӣ вафот кард. Айни ҳол 200 нафар шахси бемор дар шифохонаҳо ҷой дода шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






