БЕМОРИИ СИЛ — БЕМОРИИ ИҶТИМОИСТ

Август 24, 2009 10:34

                  Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Ҳамадонӣ Асрор Юсупов, ҳоло дар мавзеи ҷамоати Чубек шумораи зиёди беморони мубталои сил ба қайд гирифта шудааст.                   Дар давоми 7 моҳи соли ҷорӣ мутахассисони соҳа дар минтақаи мазкур беш аз 6 ҳазор ташхис гузаронида, 127 нафар беморони сироятшударо ба қайд гирифтанд.                — Аслан сил бемории иҷтимоист,- иброз дошт А. Юсупов, дар деҳаи Қарағочи чамоати Чубек оби нӯшокӣ нест, аз сабзавоту меваҷот мардум танқисии зиёд доранд ва қариб мева истеъмол намекунанд, — афзуд сардухтур А.Юсупов.                  Мутахассисон аз хоку об сар карда, тамоми маҳсулоти ғизоии ин мавзеъро аз ташхис гузарониданд. Алҳол, беморон тавассути барномаи ДОТС (барномаи зидди бемории сил) бепул табобат мегиранд, аммо онҳо метавонанд аз беморони дигар сироят шаванд.  

Август 24, 2009 10:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд