БЕШ АЗ 1 МИЛЛИОН НАФАР ТАЛАБА ПАСИ МИЗИ МАКТАБӢ МЕШИНАНД
Душанбе, 31 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Беш аз 1 миллион нафар талаба пагоҳ 1 сентябр дар Рӯзи дониш бо садо додани Занги аввал дар паси мизи мактабӣ менишинанд. Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Вазорати маорифи ҷумҳурӣ Ноилшо Нуралиев дар соли таҳсили 2009-2010 дар саросари ҷумҳурӣ 18 мактаби нав ба истифода супорида шуд, ки аз он 8 тоаш дар ноҳияҳои тобеи марказ, се мактаб дар вилояти Хатлон, дар Суғд 4 мактаб ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 3 мактаб сохта шудааст. Инчунин, дар ҷумҳурӣ 86 адад биноҳои иловагӣ дар назди мактабҳо бунёд карда шудааст. 30 мактаб бошад аз таъмири асосӣ бароварда шуд. Бо вуҷуди сохтмони мактабҳои нав дар ҷумҳурӣ 20 ҳазор ҷойи нишаст намерасад. То охири соли 2009 дар ҷумҳурӣ сохтмони 16 мактаби нав, 53 бинои иловагӣ дар назди мактабҳо ва таъмири асосии 6 мактаб ба анҷом расонида мешавад, ки аз рушди соҳаи маориф дар кишвар шаҳодат медиҳад.








Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






