БОНКИ МИЛЛӢ ФОИЗИ МЕЪЁРИ БОЗТАМВИЛРО ПАСТ КАРД

Август 3, 2009 15:53

                      Душанбе, 3 август, (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро дар ҳаҷми 1 фоиз (аз 9 то 8 дарсад) паст кард.Аз рӯи иттилоъи Бонки миллӣ, дар соли ҷорӣ бонк бори чорум аст, ки фоизи баргаҳои қарзиро пойин мебарад. Дар аввали сол ин нишондод дар Тоҷикистон 13,5 фоизро ташкил медод. Дар моҳи май аз 12 то 10 фоиз ва аввали моҳи июл аз 10 то 9 фоиз паст карда шуда буд.                       Инчунин, қобили қайд аст, ки имрӯз бозорҳои шаҳри Душанбе қурби миёнаи хариду фурӯши доллари амрикоӣ бетағйир монда ба ҳисоби миёна ба 4,43 — 4,45 сомонӣ баробар шуд. Қурбҳои миёна аз рӯи амалиёти рубли русӣ ва евро бошад бетағйир монда, мувофиқан 1,40-1,41 сомонӣ барои 10 рубли русӣ ва 6,17-6,23 сомонӣ барои 1 евро ташкил намуданд.                       Қурби миёнаи хариду фурӯши доллари ИМА дар бахшҳои байнибонкӣ ва дохилибонкии бозор аз рӯи амалиётҳои гузаронидашуда, бештар дар ҳудуди 4,39 — 4,42 сомонӣ расида, бо ин сабаб қурби расмии мубодилавии доллари ИМА аз 4,3906 то 4,3900 сомонӣ барои 1 доллари ИМА паст шуд.

Август 3, 2009 15:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд