БОНКИ ТАРМИМУ ТАҶДИД ВА РУШДИ АВРУПО БА САРМОЯИ «АГРОИНВЕСТБОНК» ШАРИК ШУД
Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дирӯз дар шаҳри Душанбе роҳбарону намояндагони Ҷамъияти саҳҳомии «Агронивестбонк» ва Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо дар бораи шарик шудани Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо ба сармояи Бонки Тоҷикистон созишнома имзо карданд. Гуфта мешавад, ки ин иқдом идомаи мантиқии ҳамкории самарабахши ҳар ду бонк мебошад. Ин бонкҳо 5 сол боз бо ҳамдигар самарабахш ҳамкорӣ мекунанд. Маблағи дороии умумии «Агроинвестбонк» айни ҳол 132 миллион сомонӣ мебошад. Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо барои зиёд кардани сармояи бонки Тоҷикистон саҳм гузошта, ба дороии он шарик шуд. Тибқи созишнома, бонки Аврупо барои пешрафти самтҳои муҳимтарини фаъолияти бонки Тоҷикистон саҳм мегузорад.