БОНКИ ТАРМИМУ ТАҶДИД ВА РУШДИ АВРУПО БА САРМОЯИ «АГРОИНВЕСТБОНК» ШАРИК ШУД

Август 13, 2009 08:16

                     Душанбе, 13 август. (АМИТ «Ховар», Покиза Маҳмадбекова). — Дирӯз дар шаҳри Душанбе роҳбарону намояндагони Ҷамъияти саҳҳомии «Агронивестбонк» ва Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо дар бораи шарик шудани Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо ба сармояи Бонки Тоҷикистон созишнома имзо карданд. Гуфта мешавад, ки ин иқдом идомаи мантиқии ҳамкории самарабахши ҳар ду бонк мебошад. Ин бонкҳо 5 сол боз бо ҳамдигар самарабахш ҳамкорӣ мекунанд.                     Маблағи дороии умумии «Агроинвестбонк» айни ҳол 132 миллион сомонӣ мебошад. Бонки тармиму таҷдид ва рушди Аврупо барои зиёд кардани сармояи бонки Тоҷикистон саҳм гузошта, ба дороии он шарик шуд. Тибқи созишнома, бонки Аврупо барои пешрафти самтҳои муҳимтарини фаъолияти бонки Тоҷикистон саҳм мегузорад.

Август 13, 2009 08:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид