БУНЁДИ 46901 ГЕКТАР БОҒ ТО СОЛИ 1014
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 27 августи соли ҷорӣ нақшаи бунёди боғу токзорҳо дар қаламрави кишвар барои солҳои 2010-1014 тасдиқ гардид. Тибқи нақшаи мазкур дар давоми 5 сол дар ВМКБ 177 гектар боғ бунёд карда мешавад, ки аз он 141,7 гектарашро зардолузор ташкил медиҳад. Инчунин, дар вилояти Суғд дар давоми 5 соли муқарраргардида 20 ҳазор гектар боғ, аз ҷумла 10 ҳазору 553 гектар зардолузор ва 1 ҳазору 685 гектар токзор бунёд карда хоҳад шуд. Дар вилояти Хатлон 22 ҳазору 700 гектар боғ бунёд мегардад, ки аз он 5 ҳазору 660 гектар зардолузор ва 2 ҳазору 266 гектар токзор мебошад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ боршад, бунёди 4024,3 гектар боғ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин шумора 359 гектар зардолузор ва 1 ҳазору 65 гектар токзор мебошад. Гуфтанист, ки дар давоми солҳои 2010-2014 дар ҳудуди ҷумҳурӣ 46 ҳазору 901 гектар боғ, аз ҷумла 16 ҳазору 714 гектар зардолузор ва 5 ҳазору 15 гектар токзор бунёд хоҳад гашт.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






