ЧАҲОР НУҚТАИ ФУРӮШИ АФЮН БАРҲАМ ДОДА ШУД

Август 28, 2009 09:07

                 Бадахшон, 28 август. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- 4 моҳ қабл гурӯҳи ҷавонони шаҳри Хоруғ тариқи радиову телевизиони маҳаллӣ ва рӯзномаи «Бадахшон» ба сокинони маркази вилоят муроҷиат намуданд, ки дар рафъи вабои аср: нашъамандӣ бояд ба мақомоти қудратӣ мадад расонд. Ва ҳамин тавр ҳам шуд.                 Рӯзи 27-уми август дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии нашъамандию нашъаҷаллобӣ дар шаҳри Хоруғ натиҷаи муроҷиатнома мавриди муҳокима қарор гирифт.                 Садри бахши вилоятии Агентии назорати маводи мухаддир Муродҳусейн Алиёров дар Шӯро иттилоъ дод, ки дар давоми чаҳор моҳи охир бо кӯмаки аҳли ҷомеа мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар шаҳр пурзӯр гардид. Дар натиҷа чаҳор нуқтаи фурӯши маводи мухаддир барҳам дода шуда, яке аз нашъафурӯшон дастгир гардид.  

Август 28, 2009 09:07

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд