ЧИН СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКИРО ДАСТГИРӢ МЕКУНАД

Август 27, 2009 09:31

                     Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бунёди нерӯгоҳҳо дар ояндаи наздик мавқеи иқтисодии кишварро миёни давлатҳои минтақа ба дараҷаи назаррас мустаҳкам хоҳад кард.                     Тибқи созишномаҳое, ки 4 -уми июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба имзо расид, аз ҷонибӣ Чин барои амалигардонии лоиҳаҳои бунёди НБО «Нуробод» 560 млн. доллари ИМА, лоиҳаи истгоҳи барқу гармидиҳии Душанбе — 400 млн., барои гузаронидани корҳои иловагӣ дар хатҳои интиқоли нерӯи барқи «Лолазор — Хатлон» ва «Ҷануб шимол» — 61, барои бозсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — Данғара 51 млн. долари ИМА, ки дар маҷмӯъ беш аз 1 миллиардро Ташкил медиҳад, ҷудо мекунад.                     Чунон ки маълум гардид, Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои иқтисодии худро дар соли 2009 бо ҷумҳурии Тоҷикистон бештар самарабахш мегардонад.  

Август 27, 2009 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд