ДАР АФҒОНИСТОН МАСОҲАТИ КИШТЗОРИ КӮКНОР КАМ МЕШАВАД

Август 1, 2009 11:10

                Кобул, 1 август. (АМИТ «Ховар», Афғонистон. Ру.). — Дар вилояти Ҳилманд даври дуюми амалӣ сохтани барномаи барҳам додани киштзори кӯкнор оғоз ёфт. Дар ҷараёни он ба деҳқонони маҳаллӣ тухми зироатҳои гуногуни хӯрокабоб ва нуриҳои маъданӣ тақсим карда мешавад.                 Волии вилояти Ҳилманд Муҳаммадғулом Мангал ба хабарнигорон гуфт, ки соли равон барои иҷрои барномаи мазкур 12 миллион доллари ИМА ҷудо карда шудааст. Ин маблағро Ҳукумати Британияи Кабир хоҳад дод. Ба қавли волӣ, тухми зироатҳои хӯрокабоб ва нуриҳои маъданӣ дар байни 39 ҳазор нафар деҳқони сокини шаҳри Лашкаргоҳ ва 9 вулусволии дигар тақсим карда хоҳад шуд. Дар натиҷа соли оянда дар бештар аз 150 ҳазор гектар замин ба ҷойи кӯкнор зироатҳои дигари хӯрокабоб парвариш карда мешаванд. Аз ҷумла, дар масоҳати 30 ҳазор гектар замин ғалла парвариш карда, дар масоҳати 120 ҳазор гектари дигар боғҳои мева бунёд карда хоҳанд шуд.                Тухмӣ ва нуриҳои маъданӣ соли гузашта ба деҳқонон ба таври ройгон дода шуда буд. Вале имсол деҳқонон бояд 20 фоизи қимати тухмӣ ва нуриҳои маъданиро пардозанд. Ин имкон медиҳад, ки барои идома додани барнома тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.                                                                                                            Тарҷумон — Қудратов А.  

Август 1, 2009 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар пиряхҳои Помири Шарқӣ ва Марказӣ таҳқиқоти илмӣ-саҳроӣ гузаронида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ доир ба корнамоиҳои беназири Президенти Тоҷикистон ба нашр расид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд