ДАР АФҒОНИСТОН МАСОҲАТИ КИШТЗОРИ КӮКНОР КАМ МЕШАВАД
Кобул, 1 август. (АМИТ «Ховар», Афғонистон. Ру.). — Дар вилояти Ҳилманд даври дуюми амалӣ сохтани барномаи барҳам додани киштзори кӯкнор оғоз ёфт. Дар ҷараёни он ба деҳқонони маҳаллӣ тухми зироатҳои гуногуни хӯрокабоб ва нуриҳои маъданӣ тақсим карда мешавад. Волии вилояти Ҳилманд Муҳаммадғулом Мангал ба хабарнигорон гуфт, ки соли равон барои иҷрои барномаи мазкур 12 миллион доллари ИМА ҷудо карда шудааст. Ин маблағро Ҳукумати Британияи Кабир хоҳад дод. Ба қавли волӣ, тухми зироатҳои хӯрокабоб ва нуриҳои маъданӣ дар байни 39 ҳазор нафар деҳқони сокини шаҳри Лашкаргоҳ ва 9 вулусволии дигар тақсим карда хоҳад шуд. Дар натиҷа соли оянда дар бештар аз 150 ҳазор гектар замин ба ҷойи кӯкнор зироатҳои дигари хӯрокабоб парвариш карда мешаванд. Аз ҷумла, дар масоҳати 30 ҳазор гектар замин ғалла парвариш карда, дар масоҳати 120 ҳазор гектари дигар боғҳои мева бунёд карда хоҳанд шуд. Тухмӣ ва нуриҳои маъданӣ соли гузашта ба деҳқонон ба таври ройгон дода шуда буд. Вале имсол деҳқонон бояд 20 фоизи қимати тухмӣ ва нуриҳои маъданиро пардозанд. Ин имкон медиҳад, ки барои идома додани барнома тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Тарҷумон — Қудратов А.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд






