ДАР ДУШАНБЕ АЪЗОЁНИ «АЛ-ҚОИДА» МАҲКУМ ШУДАНД
Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба 4 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба аъзогии созмони байналмилалии террористӣ-экстремистии «Ал-қоида» гумонбар дониста мешаванд, ба анҷом расид. Дар натиҷаи тафтишоти пешакии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Холов Мирзовалӣ Маҳмадович, Билоли Мӯсозода, Ғуломҳайдаров Носир Аҳрорович, Абдуллоев Абдусаттор Абдуқаҳҳорович солҳои 90-ум дар қаламрави Афғонистон ва Покистон ба аъзогии созмони байналми-лалии террористӣ-экстремистии «Ал-қоида» шомил гашта, дар амалиётҳои ҷангии он ширкат варзидаанд. Дар натиҷаи амалӣ сохтани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии намояндагони мақомоти амнияти миллӣ Холов Мирзовалӣ, Билоли Мӯсозода, Ғуломҳайдаров Носир ва Абдуллоев Абдусаттор боздошт ва нисбати онҳо бо дастрасии моддаи 187 қисмҳои 1 ва 2 — и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гарди-данд. Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ Холов Мирзовалӣ Маҳмадович ва Билоли Мӯсозода ба мӯҳлати 15 солӣ, Ғуломҳайдаров Но-сир Аҳрорович ва Абдуллоев Абдусаттор Абдуқаҳҳорович ба мӯҳлати 8 солӣ бо нигоҳдоштан дар колонияи ислоҳотии низомаш пурзӯр, аз озодӣ маҳрум карда шу-данд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи дав-латии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






