ДАР ДУШАНБЕ АЪЗОЁНИ «АЛ-ҚОИДА» МАҲКУМ ШУДАНД

Август 29, 2009 10:58

                  Душанбе, 29 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба 4 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба аъзогии созмони байналмилалии террористӣ-экстремистии «Ал-қоида» гумонбар дониста мешаванд, ба анҷом расид.                   Дар натиҷаи тафтишоти пешакии кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ муайян карда шуд, ки шаҳрвандон Холов Мирзовалӣ Маҳмадович, Билоли Мӯсозода, Ғуломҳайдаров Носир Аҳрорович, Абдуллоев Абдусаттор Абдуқаҳҳорович солҳои 90-ум дар қаламрави Афғонистон ва Покистон ба аъзогии созмони байналми-лалии террористӣ-экстремистии «Ал-қоида» шомил гашта, дар амалиётҳои ҷангии он ширкат варзидаанд. Дар натиҷаи амалӣ сохтани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯии намояндагони мақомоти амнияти миллӣ Холов Мирзовалӣ, Билоли Мӯсозода, Ғуломҳайдаров Носир ва Абдуллоев Абдусаттор боздошт ва нисбати онҳо бо дастрасии моддаи 187 қисмҳои 1 ва 2 — и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гарди-данд.                  Бо ҳукми Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ Холов Мирзовалӣ Маҳмадович ва Билоли Мӯсозода ба мӯҳлати 15 солӣ, Ғуломҳайдаров Но-сир Аҳрорович ва Абдуллоев Абдусаттор Абдуқаҳҳорович ба мӯҳлати 8 солӣ бо нигоҳдоштан дар колонияи ислоҳотии низомаш пурзӯр, аз озодӣ маҳрум карда шу-данд.                 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи дав-латии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Август 29, 2009 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид