ДАР ХАТЛОН ДУХТУРОНИ ТИББИ ОИЛАВИРО МЕОМӮЗАНД

Август 3, 2009 15:54

                      Душанбе, 31 июл. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Бо мақсади вусъат додани ҷараёни тайёр намудани мутахассисони тибби оилавӣ дар минтақаҳо, дар доираи амалисозии нақшаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тайёр намудани мутахассисони тиббӣ оилавӣ дар солҳои 2006-2010» ва дар сатҳи ғайримутамарказ ба роҳ мондани бозомӯзии мутахассисони тибби оилавӣ Шўъбаи байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавӣ дар ноҳияҳои Кўлоб, Данғара ва Шаҳритус таъсис дода шуд.                      Тавре аз раёсати ислоҳот ва робитаҳои байналмилалии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, чунин Шӯъбаҳо бо дастгирии техникии Лоиҳаи Сино, Бонки Осиёгии Рушд, Вазорати тандурустӣ, Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию клиникии тибби оилавӣ, маъмурияти Беморхонаҳои марказӣ ноҳияҳо ва Ҳукумати маҳаллии ноҳияҳо таъсис дода шуданд.                     Даври якуми бозомўзии мутахассисони тибби оилавӣ дар Шўъбаҳои байниноҳиявии таълимию клиникии тибби оилавии ноҳияҳои Кўлоб, Данғара ва Шаҳритус оғоз гардид. Айни ҳол дар Шўъбаи ноҳияҳои Кӯлоб 17 нафар, Данғара 15 нафар ва дар Шаҳритус 15 нафар мутахассисон таҳсил доранд.                       Инчунин барои Шўъбаҳои мазкур дар шаҳри Душанбе духтур-омўзгор ва ҳамшира-омўзгор тайёр шуда истодаанд.

Август 3, 2009 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд