ДАР ХОРУҒ СОХТМОНИ ИНШООТИ ҶАШНӢ ТӮЛ МЕКАШАНД
Бадахшон, 7 август. (АМИТ «Ховар», Лутфишо Додо).-Дирӯз бо иштироки муовинони Раиси вилоят, кормандони дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Бадахшон ситоди назди раиси вилоят доир гардид, ки дар он масъала оиди «Рафти иҷрои қарори раиси вилоят», «Дар бораи тасдиқ намудани нақша-тадбирҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба таҷлили ҷашни умумиҷумҳуривии «Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Хоруғ» мавриди муҳокима қарор гирифт. Роҳбари дастгоҳи раиси вилоят Хушқадам Хушқадамов иттилоъ дод, ки дар аксарият иншооти ҷашнӣ ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар доираи лавҳа ва нақша хуб ба роҳ монда шудааст. Мутаассифона, дар қисми иншооти ҷашнӣ суръати кор ба талабот ҷавобгӯй набуда, баъзан ба кашолакорӣ роҳ дода мешавад. Алалхусус суръати сохтмони биноҳои прокуратура, раёсати корҳои дохила, ассотсисатсияи боркашонӣ, таҷдиди роҳҳо мақсаднок ба роҳ монда нашуда, аз 36 адад бунгоҳҳои тиббӣ, ки то рӯзи ҷашн бояд мавриди истифода қарор гиранд, сохтмони як қисматашон ҳанӯз оғоз нагардидааст.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






