ДАР ПОЙТАХТ БОЗ СЕ МАКТАБИ ХУСУСӢ СОХТА ШУД
Душанбе, 15 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар соли нави хониши 2009-2010 дар пойтахт се мактаби хусусӣ ба истифода дода мешавад. Мактабҳои мазкур, аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ дар ноҳияҳои Фирдавсӣ ва Синои пойтахт ҳар кадоме дорои 500 ҷойи нишаст бунёд карда шудаанд. Назар ба иттилои сардори раёсати маорифи шаҳри Душанбе Шамсулло Исломов, ҳамзамон дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Синои пойтахт се мактаби нав аз ҳисоби вазорати маорифи ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба истифода дода мешаванд. Бо вуҷуди сохтмони мактабҳои нав дар пойтахт 50 ҳазор ҷойи нишаст намерасад. Дар соли нави хониш дар 137 муассисаи таълимии пойтахт беш аз 170 ҳазор талаба ба таҳсил фаро гирифта мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






