ДАР ТУРСУНЗОДА БЕМОРИИ ТАБЛАРЗАИ ХУНИН БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД

Август 7, 2009 15:31

                      Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Аз дафтари матбуоти вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз 5 сокини ба бемории табларзаи хунин гирифторшудаи ноҳияи Турсунзода 3 нафар вафот кард.                      Дар хабари вазорат гуфта мешавад, ки айни ҳол дар ноҳияи Турсунзода 26 нафар бо ташхиси бемории мазкур дар шифохона ҷой дода шуд. Ҳамаи онҳо таҳти назорати духтурон қарор доранд.                     Дар робита гурӯҳи кории вазорати тандурустии ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии вазир Нусратулло Салимов ба ноҳияи Турсунзода рафт. Духтурон манбаи пайдоиши бемориро муайян карда, барои пешгирии паҳн гардидани он тадбирҳо меандешанд ва сабабҳои пайдоиши беморӣ ва роҳҳои табобати онро ба аҳолӣ мефаҳмонанд.                     Мутахассисони вазорат маслиҳат медиҳанд, ки дар мавриди то 40 дараҷа баланд шудани ҳарорати бадан, сустии аъзо, пайдо шудани дард дар банду буғум ва мушакҳо фавран ба духтур муроҷиат карда шавад. Зеро бемории мазкурро дар мавриди сари вақт ошкор гардиданаш табобат кардан мумкин аст.                     Бо таъсири бемории табларзаи хунин ҷараёни шахшавии хун халалдор мегардад. Дар давраи беморӣ дар бадани бемор ва дасту пойҳои ӯ доғҳои хунин пайдо шуда, аз биннӣ, меъда ва узвҳои дигари инсон хун меравад.                     Тарҷумон — Қудратов А. 

Август 7, 2009 15:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд