ДАР ТУРСУНЗОДА БЕМОРИИ ТАБЛАРЗАИ ХУНИН БА ҚАЙД ГИРИФТА ШУД
Душанбе, 7 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова). — Аз дафтари матбуоти вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки аз 5 сокини ба бемории табларзаи хунин гирифторшудаи ноҳияи Турсунзода 3 нафар вафот кард. Дар хабари вазорат гуфта мешавад, ки айни ҳол дар ноҳияи Турсунзода 26 нафар бо ташхиси бемории мазкур дар шифохона ҷой дода шуд. Ҳамаи онҳо таҳти назорати духтурон қарор доранд. Дар робита гурӯҳи кории вазорати тандурустии ҷумҳурӣ таҳти роҳбарии вазир Нусратулло Салимов ба ноҳияи Турсунзода рафт. Духтурон манбаи пайдоиши бемориро муайян карда, барои пешгирии паҳн гардидани он тадбирҳо меандешанд ва сабабҳои пайдоиши беморӣ ва роҳҳои табобати онро ба аҳолӣ мефаҳмонанд. Мутахассисони вазорат маслиҳат медиҳанд, ки дар мавриди то 40 дараҷа баланд шудани ҳарорати бадан, сустии аъзо, пайдо шудани дард дар банду буғум ва мушакҳо фавран ба духтур муроҷиат карда шавад. Зеро бемории мазкурро дар мавриди сари вақт ошкор гардиданаш табобат кардан мумкин аст. Бо таъсири бемории табларзаи хунин ҷараёни шахшавии хун халалдор мегардад. Дар давраи беморӣ дар бадани бемор ва дасту пойҳои ӯ доғҳои хунин пайдо шуда, аз биннӣ, меъда ва узвҳои дигари инсон хун меравад. Тарҷумон — Қудратов А.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






