ДАРГУЗАШТИ ШОИР ВА РӮЗНОМАНИГОРИ МАЪРУФИ ТОҶИК
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон бо андӯҳи гарон хабар медиҳанд, ки 23 августи соли 2009 шоир ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик, корманди шоистаи Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар синни 69 солагӣ ногаҳон аз олам даргузашт. Қобили қайд аст, ки Шоҳмузаффар Ёдгорӣ ибтидои солҳои шастуми асри 20 ба арсаи адабиёт қадам ниҳода, дар радифи беҳтарин шоирони ҳамсолаш шеър эҷод карда, сазовори маҳбубияти аҳли қаламу хонанда шуд. Ашъори Шоҳмузаффар Ёдгорӣ саршори меҳру муҳаббати гарму самимӣ ба Ватан, модар, ҳисси баланди худшиносиву меҳанпарастӣ буда, инсонро ба роҳи росту покизагӣ ҳидоят мекунад. Китобҳояш «Як шоха гул», «Даргоҳи деҳқон», «Симои халқ», «Ҳар тори мӯ вафоям» ва ғайра дар адабиёти тоҷик нақши босазо доранд. Асарҳои шоир ба бисёр забонҳо тарҷума ва нашр шудаанд. Шоҳмузаффар Ёдгорӣ романҳои «Васваса» ва «Талош» иборат аз се қисмро ба анҷом расонд, ки аз ҳаёти муосиронамон ҳикоят мекунанд. Хотираи дурахшони шоир ва рӯзноманигори маъруфи тоҷик Шоҳмузаффар Ёдгорӣ дар қалби хонандагону ҳамқаламон боқӣ хоҳад монд.








4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд






