ДОНИШҶӮЁНИ ТОҶИК БАРОИ ТАҲСИЛ БА РУСИЯ РАФТАНД

Август 27, 2009 12:04

               Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дирўз, 26 август 8 нафар донишҷўёни тоҷик тибқи квотаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба макотиби олии ҳунарии Федератсияи Русия равона карда шуданд.                 Аз ҷумла, 5 нафар ба Донишгоҳи давлатии санъат ва фарҳанги шаҳри Маскав, 3 нафар ба Донишгоҳи ҳунарӣ-бадеии шаҳри Маскав, 1 нафар ба Донишгоҳи давлатии санъат ва фарҳанги шаҳри Санкт-Петербург, 2-нафар ба Донишкадаи умумирусиягии киноматографияи шаҳри Маскав барои таҳсил рафтанд.               Тибқи иттилои мудири шўъбаи илм ва робитаҳои таълимии Вазорати фарҳанг Хуршед Низомов боз 5 нафари дигар 28- август ба Академияи фарҳанг ва санъати ш. Челябинск, 31 август 3 нафар ба Консерваторияи давлатии Урал ва 7 сентябр 3 нафар ба аспирантураи Академияи фарҳанг ва санъати ш. Челябинск фиристода мешаванд. Қайд кардан ба маврид аст, ки онҳо дар макотиби олии номбурда равияҳои санъат- режиссёри театр, кино, овозхони академӣ, иҷрокунандагӣ, балет, туризм, ҳунарҳои бадеӣ ва рассомиро меомўзанд.               Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар доданд.

Август 27, 2009 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд