ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ ВА ОМӮЗГОРИРО БАДНОМ КАРДАНД

Август 27, 2009 09:39

                     Душанбе, 27 август. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ муайян карданд, ки собиқ ассистенти факултаи «Иқтисод ва идора» — и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Раҳимҷон Аҳмадов, аз сокини шаҳри Душанбе шаҳрванд «Н» (номаш барои халалдор нашудани кори тафтишот махфӣ нигоҳ дошта мешавад) барои дохил намудани ҷиянаш ба шӯъбаи рӯзонаи гурӯҳи шартномавии факултаи мазкур, ғайр аз маблағи муқарраршудаи шартнома бо роҳи тамаъҷӯӣ боз 2500 доллари амрикоӣ пора гирифта ба даст афтод. Нисбати ӯ раёсати тафтишоти агентӣ бо моддаи 324 қ.1 КҶ ҶТпарвандаи ҷиноӣ кушода тафтиш мебарад.                    Кормандони ниҳоди мазкур, амали тамаъҷӯёнаи мудири кафедраи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ Аҳмад Абдураҳмонов, ва миёнрав Ҳасан Обидовро мавриди санҷиш қарор дода, ҳангоми гирифтани пора онҳоро дастгир намуданд.                    Акнун Аҳмад Абдураҳмонов бо моддаи 319 қ.1 ва Ҳасан Обидов бо моддаи 36 қ.4 ва 319 қ.1 — и КҶҶТ дар назди кормандони тафтишоти агентии мазкур ҷавоб мегӯянд.

Август 27, 2009 09:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд
Масъалаи ташкили ковишҳои бостоншиносӣ дар мавзеи «Дараи Алмосӣ» баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Хуҷанд барои пешгирии бемориҳои сироятӣ вохӯрӣ доир гардид
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ заминаи боэътимоди рушди босуботи ҷомеа мебошад
Истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ заминаи хуби фаровонҳосилӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 38 дараҷа мерасад
ИСТИФОДАИ БОСАМАРИ ЗАМИН. Сокини деҳаи Гулистони ноҳияи Кӯшониён аз замини наздиҳавлигӣ ду-се ҳосил ба даст меорад
Дар шаҳри Гулистон сохтмони корхонаҳо ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти муосир идома дорад
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба китобу китобхона ташаббусҳои ҳизбӣ доир мегарданд
Ҳамкории Литсейи касбии техникии нақлиёти роҳи оҳани Душанбе ва Донишгоҳи давлатии Кубан тақвият меёбад
Дар намоишгоҳи «Сӯзании Панҷакент» намунаи маҳсули ҳунармандони чирадаст ба намоиш гузошта мешавад