ДОВАРОН ВА МУРАББИЁНИ ТОҶИК СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ШУДАНД
Душанбе, 26 август. (АМИТ «Ховар», Ибодат Давлатова).- Аз 16 то 21 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Кстоваи Федератсияи Россия семинарии байналмилалӣ барои доварон ва мураббиёни гуштини намуди самбо баргузор гардид. Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҲҶТ хабар доданд, дар семинари номбурда мураббиёни тоҷик Маҳмуди Абдулло ва Фарҳод Раҳматуллоев иштирок намуда, аз тарафи Федератсияи байналмилалии самбо соҳиби сертификати доварӣ ва мураббигӣ гардиданд. Инчунин, дар доираи семинар мусобиқаи 39-уми байналмилалӣ оид ба гуштини самбо баргузор гардид. Дар мусобиқаи номбурда ду варзишгари тоҷик Санҷар Сарфарозов ва Беҳрӯз Сабзалиев иштирок намуданд. Санҷар Сарфарозов дар вазни 100 кг. ҷои сеюмро ишғол намуда ба медали биринҷӣ сарфароз гардид. Беҳруз Сабзалиев бошад дар қатори панҷ варзишгари беҳтарини ин мусобиқа шомил гардид.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






