ДОВАРОНИ ҚУВВАОЗМОИҲОИ ХОТИМАВИИ МУСОБИҚА ТАЪИН ГАРДИДАНД

Август 24, 2009 09:17

                    Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Доварони асосии қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқаи байналхалқӣ барои ба даст овардани Ҷоми раиси Конфедератсияи футболи Осиё таъин карда шуданд. Тавре хабар дода шуда буд, қувваозмоиҳои хотимавии мусобиқа аз 25 то 27 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Турсунзода баргузор мегарданд.                  Мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки Лим Вэйго аз Чин ва Руканта де Силва аз Шри — Ланка комиссарони ин қувваозмоиҳо таъин гардиданд, Пир Анпрасерт аз Таиланд инспектори гурӯҳҳои доварон таъин карда шуд.                 Дар қувваозмоиҳои ниманиҳоии мусобиқа дастаҳои «Регар — Тадаз» — и Тоҷикистон, дастаи «Вапда»- и Покистон, «Дурдой — Динамо» — и Қирғизистон ва «Ашқобод» — и Турманистон ширкат меварзанд.                  Дар ин қувваозмоиҳо Навоф Шукрулло аз Баҳрайн, Алиризо Фғаонӣ аз Эрон, Андрей Алҳаддод аз Лубнон, Владислав Сейтлинг аз Ӯзбекистон, Ёсир Тулафот аз Баҳрайн, Муртазо Каримӣ аз Эрон, Аҳмад Алқаввос аз Лубнон ва Рафаэл Илёсов аз Ӯзбекистон доварӣ хоҳанд кард.

Август 24, 2009 09:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд