ДЗЮДОЧИЁНИ ТОҶИК АЗ МУСОБИҚА ХОРИҶ ГАРДИДАНД
Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Тавре хабар дода шуда буд, аз 26 то 30 август дар шаҳри Роттердами Голландия Мусобиқоти 26 — уми қаҳрамонии дзюдочиёни ҷаҳон баргузор гардид. Дар он аз Тоҷикистон шаш нафар варзишгар иштирок дошт. Мутаассифона, ҳамаи онҳо дар қувваозмоиҳои нахустини мусобиқа мағлуб гардиданд. Аз ҷумла, намояндаи Тоҷикистон Ҷамшед Халилов дар вазни 60 килограмм зимни қувваозмоӣ бо варзишгари арманӣ Гованес Довтяну мағлуб гардид. Фарҳод Раҳимов дар вазни 73 килограмм варзишгари алҷазоирӣ Элабри Гринро мағлуб намуда, дар даври сеюм зимни қувваозмоӣ бо намояндаи Маҷористон Атилла Унгвар мағлуб гардид. Шералӣ Бозоров дар вазни 81 килограмм дар даври дуюми мусобиқа зимни қувваозмоӣ бо варзишгари ӯзбек Шавкат Мӯъминов мағлуб гардид. Парвиз Собиров дар вазни 90 килограмм зимни қувваозмоӣ бо варзишгари фаронсавӣ Никлоас Бриссон қувваозмоиро бохт. Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни сад килограмм дар даври сеюм қувваозмоиро ба варзишгари голландӣ Грол Хенк бой дод. Шавкат Иқболов дар вазни сад килограмм дзюдочии аргентинӣ Густаво Гаттариоро мағлуб намуда, дар даври сеюм зимни қувваозмоӣ бо варзишгари Куба Оскар Бриссон мағлуб гардид. Дар ин мусобиқа аз 103 мамлакати ҷаҳон бештар аз 600 варзишгар иштирок намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»






