ДЗЮДОЧИЁНИ ТОҶИК АЗ МУСОБИҚА ХОРИҶ ГАРДИДАНД

Август 31, 2009 13:10

                     Душанбе, 31 август. (АМИТ «Ховар», Пайрав Назаров). — Тавре хабар дода шуда буд, аз 26 то 30 август дар шаҳри Роттердами Голландия Мусобиқоти 26 — уми қаҳрамонии дзюдочиёни ҷаҳон баргузор гардид. Дар он аз Тоҷикистон шаш нафар варзишгар иштирок дошт. Мутаассифона, ҳамаи онҳо дар қувваозмоиҳои нахустини мусобиқа мағлуб гардиданд.                       Аз ҷумла, намояндаи Тоҷикистон Ҷамшед Халилов дар вазни 60 килограмм зимни қувваозмоӣ бо варзишгари арманӣ Гованес Довтяну мағлуб гардид. Фарҳод Раҳимов дар вазни 73 килограмм варзишгари алҷазоирӣ Элабри Гринро мағлуб намуда, дар даври сеюм зимни қувваозмоӣ бо намояндаи Маҷористон Атилла Унгвар мағлуб гардид. Шералӣ Бозоров дар вазни 81 килограмм дар даври дуюми мусобиқа зимни қувваозмоӣ бо варзишгари ӯзбек Шавкат Мӯъминов мағлуб гардид.                     Парвиз Собиров дар вазни 90 килограмм зимни қувваозмоӣ бо варзишгари фаронсавӣ Никлоас Бриссон қувваозмоиро бохт.                     Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар вазни сад килограмм дар даври сеюм қувваозмоиро ба варзишгари голландӣ Грол Хенк бой дод. Шавкат Иқболов дар вазни сад килограмм дзюдочии аргентинӣ Густаво Гаттариоро мағлуб намуда, дар даври сеюм зимни қувваозмоӣ бо варзишгари Куба Оскар Бриссон мағлуб гардид. Дар ин мусобиқа аз 103 мамлакати ҷаҳон бештар аз 600 варзишгар иштирок намуд.  

Август 31, 2009 13:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид