ЭРОН БО АБЭА БА ҚАДРИ КОФӢ ҲАМКОРӢ НАМЕКУНАД

Август 24, 2009 11:20

                    Теҳрон, 24 август. (АМИТ «Ховар» — Лента.ру). — Эрон ҳафтаи гузашта ба гурӯҳи коршиносони Агентии байналмилалии энергияи атом иҷозат дод, ки баъзе иншоотҳои ядроии онро тафтиш намояд. Бо вуҷуди ин агентии хабаргузории Райтер бо истинод ба намояндаи маъмурияти ИМА хабар медиҳад, ки Эрон бо агентии мазкур ба қадри кофӣ ҳамкорӣ намекунад.                    Коршиносони агентӣ ҳафтаи гузашта бо фаъолияти корхонаи тавлидкунандаи оби вазнин дар шаҳри Ароқи вилояти марказии Эрон шинос гардиданд. Намояндаи Қасри Сафед зикр кард, ки бо вуҷуди ин Эрон ҳамаи ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаашро иҷро намекунад.                     ИМА ва мамлакатҳои дигари Ғарб Эронро гунаҳкор менамоянд, ки бо баҳонаи истифодаи мусолиматомези энергияи атом аслиҳаи ядроӣ месозад. Шӯрои амнияти СММ Эронро вазифадор карда буд, ки аз истеҳсоли урани тоза даст кашад. Вале Теҳрон ҳамаи ин даъвоҳоро рад намуда, изҳор мекунад, ки аз қувваи атом танҳо барои истеҳсоли қувваи барқ истифода мебараду халос.                    Намояндагони шаш давлати миёнарав — Олмон, Чин, ИМА, Фаронса, Британия ва Русия охири моҳи апрел ба Эрон пешниҳод карданд, ки барои муҳокимаи барномаи ядроии худ бори дигар сари мизи маслиҳату машварат нишинад. Сарони давлатҳои ҷаҳон ният доранд, ки проблемаҳои ядроии Эронро 24 — 25 сентябр зимни мулоқоти роҳбарони 20 мамлакати тараққикардаи саноатии ҷаҳон дар шаҳри Питсбург мавриди муҳокима қарор диҳанд.  

Август 24, 2009 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар якчанд кумитаю идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Масъалаҳои татбиқи «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио» дар муҳокимаи парламентӣ баррасӣ шуданд
Паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун санади муҳими барномавии давлатӣ арзёбӣ мешаванд
Ҷашни Сада дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Низом Мирзозода: «Шаҳрвандон пеш аз хариди манзил фаъолияти ширкатҳои сохтмониро тавассути QR-код санҷанд»
30 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд