ФАЛОКАТ ДАР РОҲ

Август 17, 2009 14:48

                Душанбе, 17 август. (АМИТ «Ховар», Наталья Михайлова).-Шаби 17 август дар роҳи Қӯрғотеппа-Ҷалолиддини Румӣ ронандаи мошини сабукрави «Опел-Астра» Усмоналӣ Абдулманонов аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, бо мошини боркаши «Зил», ки ронандааш Аловуддин Сайфиддинов буд, бархӯрд. Дар натиҷаи садама ронандаи мошини сабукрави «Опел-Астра» ва ду мусофир ба ҳалокат расида, се мусофири дигари ҳамин мошин ба шифохона фиристода шуданд.                  16 август дар роҳи Душанбе-Кӯлоб ронандаи мошини «ДЭУ -Сиело» аз ӯҳдаи идораи мошин набарома ва дар натиҷа мошин аз ҷарии баландиаш 92 метр сарозер шуд. Дар натиҷаи фалокат се мусофир ҳалок ва як мусофир ба шифохона фиристода шуд.                  Чуноне ки аз дафтари матбуотии БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд ҳафтаи гузашта дар ҷумҳурӣ 42 фалокати нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, дар натиҷаи онҳо 13 нафар ҳалок ва 49 нафар маҷрӯҳ шуданд.  

Август 17, 2009 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст